31 октябри соли 2026 дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии пасандозҳо семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар ҷодаи гузариш ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, масъалаҳои рушди низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, ҳифзи дороиҳои молиявии шаҳрвандон ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкиро баррасӣ намуданд. Ҳадаф аз чорабинии мазкур ин табодули афкор ва муайян намудани роҳҳои такмили низоми суғуртаи амонату пасандозҳо бо дарназардошти имкониятҳо ва мушкилоти рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ буд.
Зимни муҳокимаҳо ба зарурати мутобиқ намудани низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ба рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва пайдоиши маҳсулоти нави молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои такмили низомҳои иттилоотӣ, таъмини амнияти киберӣ, автоматикунонии раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ва танзими дороиҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи технологияҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти равандҳои суғуртаи амонату пасандозҳо табодули афкор намуданд.
Дар ҷамъбасти семинар тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва таҳкими механизмҳои ҳифзи манфиатҳои пасандоздорон таҳия гардиданд. Тавсияҳои мазкур ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар ва мусоидат ба рушди устувор дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт нигаронида шудаанд.
Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина | FAQs
| Тамос


