Конститутсия – кафили ҳуқуқ ва эътимод

Конститутсия – кафили ҳуқуқ ва эътимод

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.

Конститутсия танҳо санади ҳуқуқии олии кишвар нест. Он меъёрҳоеро муайян мекунад, ки зиндагии ҷомеа, муносибати давлат бо шаҳрванд ва масъулияти ҳар яки моро дар назди қонун ба ҳам мепайванданд. Эҳтиром ба Конститутсия маънои арҷ гузоштан ба ҳуқуқ, озодӣ, моликият ва ояндаи устувори Тоҷикистонро дорад.

Рӯзи Конститутсия моро ба эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату ҷомеа даъват мекунад. Риояи меъёрҳои он ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба таҳкими сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат менамояд.

Меъёрҳои конститутсионӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳифзи ҳуқуқи моликият ва баробарии шаклҳои моликият барои эътимоди шаҳрвандон ба низоми иқтисодӣ аҳамияти калон дорад.

Яке аз унсурҳои ин эътимод ҳимояи амонату пасандозҳо тибқи қонунгузорӣ мебошад. Хазина дар доираи ваколатҳои қонунӣ барои ҳимояи пасандоздорон ва тақвияти боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар фаъолият менамояд. Ин рисолат на танҳо вазифаи молиявӣ, балки саҳмест дар таҳкими суботи иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон.

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба тамоми ҳамватанон сулҳу оромӣ, саломатӣ, рӯзгори обод ва дар роҳи пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳо орзу менамояд.


Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина↗ | FAQs↗ | Тамос↗