ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲОИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Мутахассис оид ба технологияҳои иттилоотӣ
(муҳандис – барномасоз дар самти маъмурии системаҳои иттилоотӣ)
Талаботҳо ба номзад:
- Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT).
- Собиқаи корӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.
- Дониш ва таҷрибаи корӣ бо системаҳои амалиётӣ ва низомҳои иттилоотӣ (идоракунии серверҳо, шабакаҳои компютерӣ, пойгоҳи додаҳо).
- Малакаи корӣ ва маълумот оид ба забонҳои барномасозӣ (Python, JavaScript, C# ё дигар).
- Доштани малакаи корӣ оид ба насби барномаҳо ва танзими таҷҳизоти компютерӣ, серверӣ ва коммуникатсионӣ, ташкил ва такмили шабакаҳои компютерӣ.
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ.
Барои иштирок дар озмун аз довталабон пешниҳоди тарҷумаи ҳол (резюме) бо замимаи сурат дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронии Хазина hr@dif.tj қабул карда мешавад.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 15.11.2026 сол.
Барои маълумоти иловагӣ: тел. 44-600-35-05, 44-600-35-31;
Танҳо довталабоне, ки ба талаботҳо мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Ба иштироки занҳои соҳибихтисос дар озмун бартарӣ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ баъд аз баррасӣ ва мусоҳибаи пешакӣ аз номзад талаб карда мешаванд.
Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина | FAQs
| Тамос