31 октябр – Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо

31 октябр – Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо

31 октябри соли 2026 Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо таҷлил мегардад – рӯзе, ки ба рушди фарҳанги пасандозгузорӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ бахшида шудааст. Дар арафаи ин сана Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аҳаммияти банақшагирии молиявӣ ва ҳифзи маблағҳои пасандозгузоронро ёдрас менамояд.

Пасандозҳо ба оила имкон медиҳанд, ки хароҷоти ғайричашмдоштро пӯшонад, ба рӯйдодҳои муҳим омода шавад ва ояндаи худро бо эътимоди бештар ба нақша гирад. Барои ин мунтазам пасандоз намудан, дарки шартҳои маҳсулоти бонкӣ ва донистани ҳуқуқҳои худ муҳим аст.

Пасандозгузорӣ аз ташаккули одат оғоз меёбад

Ҷамъоварии маблағро метавон аз манбаҳои ба имконияти молиявии худ мувофиқ оғоз намуда, ҳадафи мушаххас ва муҳлати расидан ба онро муайян кард. Баҳисобгирии даромаду хароҷот имкон медиҳад дарк намоем, ки кадом қисми буҷети оиларо бе таъсир расонидан ба таъмини ниёзҳои зарурии рӯзмарра метавон мунтазам ба пасандоз равона кард.

Захираи молиявӣ – маблағҳое, ки барои хароҷоти ғайричашмдошт ё муваққатан коҳиш ёфтани даромад пешбинӣ мешаванд, бояд таваҷҷуҳи махсус дод. Ҳаҷм ва тартиби пурра намудани онро бояд бо дарназардошти ниёзҳои оила ва пардохтҳои ҳатмӣ муайян кард. Маблағҳое, ки метавонанд фавран зарур шаванд, бояд бо дарназардошти имкони дастрасии саривақтӣ ба онҳо ҷойгир карда шаванд.

Тадриҷан ҷамъ намудани маблағ имкон медиҳад, ки барои пардохти таҳсил, беҳтар намудани шароити манзил ва дигар ҳадафҳои муҳим омодагӣ гирифта, эҳтиёҷ ба қарзҳои иловагӣ кам карда шавад.

Интихоби огоҳонаи пасандоз

Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд барои ҷойгир намудани пасандозҳо имконият фароҳам меоранд. Маблағҳои ҷалбшуда ҳамчунин заминаи захиравиро барои қарздиҳӣ ба соҳибкорӣ ва дигар самтҳои иқтисодиёт ташкил медиҳанд.

Ҳангоми интихоби пасандоз муҳим аст, ки на танҳо меъёри фоизӣ, балки муҳлати ҷойгиркунӣ, асъор, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти фоизҳо, имкони пурра намудани пасандоз, шартҳои пеш аз муҳлат гирифтани маблағ ва ҳаққи хизматрасонии дар шартнома пешбинишуда низ арзёбӣ карда шаванд. Шартҳои маҳсулоти бонкӣ бояд ба ҳадафи ҷамъоварии маблағ ва эҳтиёҷи пасандозгузор ба дастрасии маблағҳо мувофиқ бошанд.

Пеш аз бастани шартнома бояд иштироки ташкилоти қарзӣ дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо санҷида шавад. Рӯйхати амалкунанда дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – иштирокчиёни Хазина ҷойгир шудааст. Ҳамчунин зарур аст, ки дурустии маълумоти шахсӣ ва тамос дар шартнома санҷида шуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷойгиркунии маблағҳо нигоҳ дошта шаванд.

Хазина пасандозгузоронро чӣ гуна ҳимоя мекунад

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандозгузоронро тавассути пардохти ҷубронпулии суғуртавӣ ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзии иштирокчии Хазина ҳимоя менамояд. Фаъолияти Хазина ба таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва нигоҳ доштани устувории он мусоидат мекунад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо», маблағҳои дар қонун пешбинишудаи пасандозгузорон дар ташкилотҳои қарзии иштирокчии Хазина таҳти суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд. Суғурта барои пасандозгузор ба таври худкор ва ройгон, бе бастани шартномаи алоҳидаи суғурта амалӣ мегардад.

Низоми суғурта маблағҳои дар қонун пешбинишударо дар суратҳисобҳои дархостӣ, пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар суратҳисобҳои кортҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ фаро мегирад. Шартҳои фарогирии суғурта ва истисноҳо тибқи қонунгузорӣ муайян карда мешаванд.

Ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ Хазина ҷубронпулиро аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дар доираи андозаи амалкунандаи ҷубронпулии суғуртавӣ пардохт менамояд. Маълумоти муфассал оид ба шартҳои ҳифзи маблағҳо дар бахши «Сатҳ ва фарогирии суғурта» дастрас аст.

Амнияти молиявӣ дар муҳити рақамӣ

Ҳангоми идора намудани маблағҳо тавассути замимаҳои мобилӣ ва дигар хизматрасониҳои фосилавӣ қоидаҳои амниятро риоя намоед: рамзҳои PIN, гузарвожаҳо ва рамзҳои якдафъаинаи тасдиқро ба ҳеҷ кас надиҳед, ба пайвандҳои шубҳанок ворид нашавед ва аз манбаъҳои санҷиданашуда барнома насб накунед.

Агар занг ё паёми шубҳанок ворид шавад, мустақилона тавассути рақамҳо ва роҳҳои расмии тамос бо ташкилоти қарзии хизматрасон дар тамос шавед. Агар гумон кунед, ки шахсони бегона ба маълумоти бонкии шумо дастрасӣ пайдо кардаанд, фавран ба он ташкилот муроҷиат намоед.

Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо фурсатест барои арзёбии одатҳои молиявии худ, баррасии ҳадафҳои оилавӣ ва гузоштани қадами навбатӣ ба сӯйи амалишавии онҳо. Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват менамояд, ки хароҷоти худро ба нақша гиранд, пасандоз ташкил намоянд ва аз маълумоти санҷидашуда оид ба ҳифзи пасандозҳо истифода баранд. Ҳатто маблағҳои хурде, ки мунтазам пасандоз карда мешаванд, барои омодагӣ ба ниёзҳои ояндаи оила мусоидат мекунанд.


Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина↗ | FAQs↗ | Тамос↗